Тоҷикӣ Русский English
logo

САРАЗМИ БОСТОН – НИШОН АЗ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН

       Миллати тоҷик таърихи бойю ғанӣ дошта, аз қадимулайём бо мардуми бофарҳангу соҳибтамадуни худ дар арсаи давлатҳои ҷаҳон шинохта шудааст. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки миллати тоҷик давлатдории худро дар асрҳои VI -IV пеш аз мелод оғоз намудааст.

       Дар тулли таърих миллати тоҷик борҳо дар зери тобеъияти қабилаҳои бодиянишини муғулҳо ва давлатҳои дигари Осиёи Миёна монда буд, ки ин раванд дар таърихи миллати тоҷик ҳазорсолаҳоро дар бар мегирифт.

       Миллати тоҷик нигоҳ накарда ба ҳамаи ин душвориҳо қадими будани худро фаромўш накарда, барои ояндаи нек ва сулҳу дўстӣ муборизаи беамон мебурд. Дар тулли таърих миллати тоҷик дар сохтори давлатдории давлатҳои гуногуни қадим, ба монандӣ Сосониён, Ҳахоманишинҳо, Сомониён ва ғайра умр ба сар бурда аз худ номи неке ба ояндагон гузоштанд.

       Ифшои осору кашфиётҳои қадимаи тоҷик нишона аз гузаштагони дури миллати тоҷик буда, ишора ба пойдор будани миллати тоҷик мебошад.

       Мо тоҷикон бояд гузаштагони худро қадр карда, эҷодиёту осорҳои онҳоро пос дошта то тавонем зиндагиномаи онҳоро кашф созему миллати бузургу тамадунофар будани худро ба ҷаҳониён муарифӣ созем.

       Чӣ қадаре, ки мо гузаштагони худро кашф намоему номи онҳоро зинда созем, ҳамон қадар мо метавонем кишвари худро рушд диҳему номи неки миллати тоҷикро барои ҳазорсолаҳо по бар ҷо гузорем. Зеро гуфтаанд: «Гузаштаи худро омўз – ояндаро соз!». Барои омўхтани гузаштаи худ ва сохтани ояндаи миллати тоҷик ҳар як фарди кишвар бояд саҳми худро гузорад.

       Яке аз кашфиётҳои бузурги халқи тоҷик, ин муарифии Саразми бостон ба ҷаҳониён мебошад, ки ин бозгўи 5500 сола, яъне аз миллати қадима будани мо тоҷикон дарак медиҳад.

       Саразм куҳантарин ва муқаддамтарин ёдгории таърихии тоҷикон мебошад. Чуноне, ки аз натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ бармеояд нахустин маданияти шаҳрсозӣ, кишоварзӣ, ҳунармандӣ, чорводорӣ ва маъдангудозӣ аз ин мавзеъ оғоз ёфтааст. Саразм ҳамаи ин нишонаҳоро дар худ таҷассум намуда, шаҳри муқаддаси тоҷикон – маркази ҳунармандӣ ба ҳисоб мерафт.

       Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Саразм  ҳамчун хазинаи тиллоии таърихи миллат эътироф гардид.

       Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм ганҷинаи миллии мероси халқи тоҷик мебошад. Аз ин хотир 31-июли соли 2010 ёдгории Саразм дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор гардид, ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ шомил шуд.

       Аҳамияти муҳими Саразмро ба назар гирифта Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ро соли ҷашнгирии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон намуданд, ки ин боз як нишонаи бузурги арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик мебошад.

       Воқеан омӯхтани таърихи халқи тоҷик дар тарбияи ватандӯстию ватандорӣ, инсондӯстӣ, ҷаҳоншиносӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки аҷдодон барои баланд бардоштани сатҳи мадании ҷомеа нақши ниҳоят муассир дорад.

 

ИМОМОВ М.Қ.ОМЎЗГОРИ КАЛОНИ КАФЕДРАИ

МЕНЕҶМЕНТИ МОЛИЯВӢ ВА АНДОЗБАНДӢ