logo

ОМӮЗИШ, ТАРҒИБ ВА БАҲРАБАРДОРИИ ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ДОНИШКАДА

       30 декабри соли ҷорӣ дар толори хониши Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, мавриди омӯзиш, тарғиб ва баҳрабардории устодону донишҷӯён ва кормандони донишкада қарор дода шуд.

      Дар чорабинии мазкур Ректори донишкада, муовинони ректор, сардорони шуъбаҳо, бахшҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарияти литсейи донишкада, инчунин сардорони гуруҳҳои таълимӣ-академӣ ва донишҷӯёни фаъоли донишкада ширкат варзиданд.

      Чорабиниро ректори донишкада профессор Обидов Фозил Саидович ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисодёти кишвар санади муҳим буда, иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҳар шаҳрванди кишвар заҳмати софдилонаву шабонарӯзиро  тақозо менамояд. Иҷрои нишондодҳои Паём ҷиҳати ба як кишвари мутараққӣ ва рақобатпазир табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол қадами ҷиддӣ хоҳад буд. Сарвари давлат бо такя ба таҷрибаи бузурги роҳбарӣ тавонистанд, дар муддати ироаи Паём на танҳо аз муваффақиятҳо сухан дар миён биоваранд, балки камбуду мушкилоти мавҷударо дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ бозгӯ кунанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилот пешниҳодоти муассир манзур созанд.

      Паёми Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон дар ҳақиқат, таҳлили вусъатнок ва илман асоснок аз шукуфоии Ватан ва ояндаи дурахшони  кишвару халқи худ дарак медиҳад. Аз ин рӯ, ин Паём барномаи муҳими амалу  фаъолияти ҳар як фарди  мамлакат бояд бошад. Ин Паём ҳамчун ҳуҷҷати хеле муҳим бояд мавриди омӯзиш, тарғиб ва баҳрабардории тамоми аъзои  ҷомеа қарор бигирад. Аз ин рӯ, ташкил кардани ҷамъомади имрӯза низ, маҳз ба хотири мавриди омӯзиш, тарғиб ва баҳрабардорӣ қарор додани Паёми Пешвои муаззами миллат байни устодону кормандони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мебошад, иброш доштанд ректори донишкада.

      Сипас, аз ҷониби ректори донишкада ба шаш нафар устодони донишкада, ки соли 2019 аз ҷониби Комиссияи илмии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвонҳои илмии дотсенти кафедра мушарраф гардиданд, дипломҳо супорида шуд.

       Инчунин, ба 75 нафар устодону кормандони донишкада, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардиданд, бо тантана шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Дар идомаи чорабинӣ муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ дотсент Ҷабборов Ф.А. баромад намуда, роҷеъ ба масъалаҳои иқтисодии дар Паём дарҷгардида ва муваффақиятҳои иқтисодии кишвар дар солҳои охир ибрози андеша намуданд.

       Мудири кафедраи фалсафа ва таърихи донишкада  Ҳайитов Ф.Қ., вобаста ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, яъне илму маориф, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардида буданд, мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.

      Иштирокдорони дигари чорабинӣ низ атрофи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ андешаҳои ҷолиб иброз намуданд.

      Дар фарҷоми чорабинӣ ректори донишкада, профессор Обидов Ф.С. аз масъулини сохторҳои гуногуни донишкада ва сарпарастони гуруҳҳои таълимӣ-академӣ даъват ба амал оварданд, ки масъалаҳои дар Паём ишоранамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омӯзиш, тарғиб ва баҳрабардории пайваста қарор диҳанд.