Тоҷикӣ Русский English
logo

ЁДГОРИҲОИ ҚАДИМАИ САРАЗМ – РАМЗИ ТАМАДДУНИ ҚАДИМАИ ТОҶИКОН

       Мардуми тоҷик аз қадим ҳамчун миллати соҳибтамаддуну бофарҳанг ва бо таърихи бою гузаштаи хеш миёни дигар миллатҳо шинохта мешавад.

       Саразм чор давраи чандҳазорсолиро аз сар гузаронидааст. Аз руйи деворҳои пайдошуда шаҳр аз чор қабат иборат аст, ки фосила байни ҳар давра беш аз ҳазорсолист.

       Кашфи шаҳраки Саразм барои илми бостоншиносӣ ва умуман барои кулли инсоният бозёфти беназир мебошад. Бояд таъкид кард, ки заҳматҳои нахусткашшофи Саразм Абдулло Исҳоқиро нимаи дуюми солҳои 70 саромад. Бо амри тасодуф пиронсоле аз сокинони маҳаллӣ бо насаби Тайлонов табарзин меёбад ва пас аз шаш соли андеша оқибат онро ба Исҳоқӣ медиҳад ва сири Саразм равшан мешавад ва ҳамин тариқ,  ёдгории қадимаи Саразмро соли 1976 бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов кашф намудааст. Акнун бахти археолог механдад ва ковишҳо шурӯъ мегарданд. Он дар 15 — километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 — километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир аст. Шаҳркадаи Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дарбар мегирад. Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кўчаҳо буд. Саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, нўги найза, мўҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буд.

       Номгузории Саразм аз калимаи тоҷикии «саризамин» ба вуҷуд омадааст. Ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В.А.Литвитс Саразм маънои «Сари замин»- ро дорад.

       21 сентябри соли 2001 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории қадимии Саразм, ки дорои таърихи 5500 сола мебошад, ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардид.

       Ҳамин тариқ, шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тоҷикистон аст, ки 31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Президенти мамлакат ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.

       Дар айни ҳол дар ин ёдгории қадима се гурӯҳи калони бостоншиносон кор карда истодаанд. Онҳо ба омодасозии ҳафриётҳо ва муайян кардани тарҳи шаҳри Саразм — нахустин шаҳри Вароруд машғул ҳастанд.

       Дар корҳои тадқиқотию ҳафриётӣ ғайр аз мутахассисони ватанӣ, инчунин бостоншиносон, антропологҳо, меъморон ва наққошони Франсияву Россия даъват шудаанд. Аз ҷумла, чанд нафар аз Осорхонаи давлатии Эрмитажи Санкт Петербург ҳамкорӣ доранд. Ҳамаи онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки то ҷашн тамоми ҷанбаҳои Саразм ҳамчун шаҳр омӯхта ва нишон дода шавад. Ғайр аз ин Саразм, ки оғози маданияти кишоварзӣ ва ҳунармандӣ мебошад, олимон он бозёфтҳоеро, ки аз он ҷо дарёфт шудаанд ва ҳунари олии сокинони Саразмро дар самти истифодаи маъдан, фулузот, сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо нишон медиҳанд, муайян карда, тарзи сохтани олоти меҳнату ороиширо таҳқиқ мекунанд. Аллакай намудҳои анборҳои маъмули ғалладонаи ҳамон давра пайдо карда шуданд, ки ин яке аз самтҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омӯзишии Саразм аст.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоте, ки бо зиёиёни кишвар дар шањри Душанбе баргузор гардида буд, ќайд намуданд соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.

       Ҷашни 5500-солагии Саразм, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад, мояи худшиносӣ ва меҳанпарастии тоҷикон хоҳад гашт. Зеро дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Тоҷикистон таҷлили 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразмро қарзи сокинони мамлакат дар назди таърих ва наслҳои оянда арзёбӣ намуданд.

       Тавре роҳбари давлат иброз намуданд, ин ҷашн имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500-солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоем. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад.

       Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент 5500-солагии Саразми бостонӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.

       Ҳамин тариқ, шаҳраки Саразм ёдгории беназире маҳсуб мегардад, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва муносибатҳои мардуми давраи энеолит ва давраи асри биринҷиро таҷассум кардааст.

 

ЗАБИРЗОДА Ф. Т.АССИСТЕНТИ КАФЕДРАИ

ХИЗМАТРАСОНИИ БОНКИИ

ДОНИШКАДАИ СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ