logo

БУЗУРГДОШТИ НИГОРАҲОИ ТАЪРИХӢ АЗ ТАРАФИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

       Дар баробари дигар комёбиҳои иҷтимоӣ сиёсӣ ва иқтисодӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими ёдоштҳои таърихӣ ва муррифӣ намудани онҳо фаъолиятҳои зиёди босамареро  ба амал баровардаанд. Ин аз тамадунофарӣ ва посдории воқеаҳои таърихӣ ва бузургии ин марди хирад аз бузургдошти ниёгони мо сурат мегирад. Яъне дар ин радиф гуфтан ба мо маврид мебошад, ки “Бузургонро – Бузургон поянда медоранд”!

       Ҳоло, ки мо дар арафаи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ қарор дорем, оиди ин шаҳри қадимӣ аз сарчашмаҳои таълифотӣ баъзе маълумотҳоро рӯи варақ меорем.

       Номгузории Саразм аз калимаи тоҷикии «саризамин» ба вуҷуд омадааст.  Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна— Зарафшон, дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр 15 км аз ш. Панҷакент ва 45 км дуртар аз ш.Самарқанд ҷойгир аст. Ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В. А. Литвитс Саразм маънои «Сари замин»- ро дорад. Саразми бостон ба солҳои 3400-2000 п.м. мансуб аст. Барои илми бостоншиносӣ, умуман барои кулли инсоният кашфи бошишгоҳи Саразм бозёфти беназир будааст. Бояд таъкид кард, ки заҳматҳои нахусткашшофи Саразм Абдулло Исҳоқиро нимаи дуюми солҳои 70 саромад. Бо амри тасодуф пиронсоле як сокини маҳаллӣ бо насаби Тайлонов табарзин меёбад ва пас аз шаш соли андеша оқибат онро ба Исҳоқӣ медиҳад ва сири Саразм Рушан мешавад. Акнун бахти археолог механдад ва ковишҳо шурӯъ мегарданд. Шаҳркадаи Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дарбар мегирад. Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кўчаҳо буд. Саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ҳини ҳафриёт кўраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нўги найза, мўҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буд. Саразмиҳо бо сокинони ҷанубу шарқии Туркманистон, шимоли Эрон ва Балуҷистону Сиистон иртиботи фарҳангӣ доштанд. Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тољикистон аст, ки 31 июли соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.

       Акнун, ки мо бо ибтикори сиёсати тамадунсози Пешвои муаззами миллат дар арафаи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ қарор дорем рамзи ҷашнии мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихо карда шудааст. Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашнии ин чорабиниро интихоб карданд. Рамзи мазкур аз ҷониби иттифоқҳои рассомон ва дизайнерон омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи илмҳо ва Вазорати фарҳанг дар бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Рамзи 5500-солагии Саразми бостонӣ доирашакл мебошад ва дар он нишонаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ будани Саразм ишора шуда, дар ду тарафи он номи «Саразм» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷой гардида, дар поёни он «5500» бо рақам нишон дода шудааст. Бозёфти тиллоии дувоздаҳгӯша, ки маҳсули ҷустуҷӯҳои охир дар Саразм мебошад, дар маркази рамз қарор дорад. Дар миёнаи ин бозёфти дувоздаҳбурҷа деворҳои қадимаи Саразм, ки аз гил сохта шудаанд, насб гардидааст. Худи ин бозёфти тиллоии дувоздаҳбурҷа бо санъати волои заргарӣ сохта шуда, рамзи Хуршед, Офтоб ва Меҳрро ифода менамояд.

       Дар ин замина тамоми мардуми шарифи тоҷикистон ба хусус донишомӯзон ва олимон мебояд, дар омӯзиш ва таҳқиқи ин шаҳри бостонӣ камарӣ ҳиммат баста барои боз ҳам қавӣ намуданӣ аҳкоми сиёсӣ зери сиёсати харадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон корро боз ҳам ҷоннок намоянд.

 

ДОТСЕНТ НИДОЕВ П.Ф. —

МУДИРИ КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА

ҚАРЗИ ДОНИШКАДАИ СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ