logo

САРАЗМ-ЭҲЁИ ТАЪРИХ БА ХОТИРИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ

       Саразм  куҳандиёрест дар 15 километри қисмати ғарбии шаҳри Панҷакент, дар соҳили чапи руди пуртуғёни Зарафшон, Саразм ёдгории мероси миллӣ ва ҷаҳонӣ буда, таърихи он аз ҳазораҳои IV – и пеш аз мелод маншаъ мегирад. (1.саҳ.15.) Ин ёдгори сирф падидаи шаҳрсозиву тамаддунофарини ориёист. Зеро Саразми қадим то ҷойгузинии қабилаҳои турктабор  арзи вуҷуд намудааст.  Ҳафриёту ковишҳо дар ин макони куҳанбунёд аз он шаҳодат медиҳад, ки гузаштагони мо дар умқи таърих низ созандаву эҷодкор будаанд.(5, саҳ 6)

       Пажуҳиш ва ковишҳои археологӣ дар ин минтақа бо бозёфти табари сангӣ тавассути бошандаи ҷамоати деҳоти Саразм Ашуралӣ Тайлонова ва ибтикори бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов дар соли 1976 оғоз гардида, баъдан ба таҳқиқу омузиши ин минтақа бостоншинос доктори илми таърих директори осорхонаи миллии бостонӣ С. Бобомуллоев, номзадҳои илми таърих А. Разоқов ва Ш. Қурбонов, инчунин бостоншиносони фаронсавӣ Роналд Безенвал ва Франкфор Анрипол машғул шуданд.           (5, саҳ 6)

       Саразми куҳанбунёд аз 21 сентябри соли 2001 ҳамчун маркази ташакулли фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон “Мамнӯъгоҳи бостоншиносӣ” эълон карда шудааст. (Ҳамонҷо).

        Мавриди зикр аст, ки соли 1984 ба ковиши ва таҳқиқи саразми Бостонӣ бо сардории  Абдуллоҷон Исоқов ва муҳаққиқи Маркази таҳқиқоти бостоншиносии Фаронса Р. Безенвал экспедитсияи муштараки шуравию фаронсавӣ сомон дода шуд.

       Ин экспедитсия ковишҳои археологиро аз минтақаи ҳаффории ҳафтум оғоз намуд. Дар якҷоягӣ бо бостоншиносони фаронсавӣ корҳои инкишофӣ ва пажуҳишотӣ дар масоҳати 10 ҳазор метри мураббаъ собит намуданд, ки сарзаминҳо дар баробари дарёфту коркарди сангу маъдан дар таҳияи маҳсулоти кулолии олисифат ва маводи зинатӣ низ гирадаст буда, бо сокинони қадимии Туркманистони ҷанубӣ,  Эрон ва Балуҷистон робитаҳои тиҷоратӣ доштанд. Чунин равобат ба тақвими фарҳангӣ меъморӣ ва маҳорати тавлидотии  мардуми саразм мусоидат намудааст.

       Саразми бостонӣ вобаста ба таҳлили радиокорзерии силсилабандӣ шудааст:

       Давраи аввал – солҳои 3500 – 3200 пеш аз мелод.

       Давраи дуюм – солҳои 3200 – 2900 то мелод.

       Давраи сеюм – солҳои 2900 – 2700 то мелод.

       Давраи чорум —  солҳои 2700 – 2900 то давраи мо

       Натиҷаи таҳқиқотӣ илмии бостоншиносон вобаста ба Саразм дар чандин ҳамоиши байналмилалии бостоншиносон мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтааст.

       Аз ҷумла: дар Тоҷикистон солҳои 1979 ва 1994, Вашингтон солҳои 1981 ва 1986; Париж 1985, Олмон соли 1992, Эрон соли 2003, Италия соли 2001 ва Африка соли 2008:

       Номгузории Саразм аз калимаи тоҷикии “ сари замин” ба вуҷуд омадааст. Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна – зарафшон дар баландии – 9 ум сатҳи баҳр  — 15 км аз шаҳри Панҷакент ва 45 км дуртар аз шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Ба ақидаи барҷастатарин донандаи  забони Суғдӣ В.А. Литвине Саразм калимаи тоҷикӣ буда маънои “сари заминро ” дорад.

       31 июли соли 2010 Саразм ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии Юнеско дохил шудааст.

       2 моҳи майи соли 2019 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Дар ин қарор гуфта мешавад, ки 5500 солагии шаҳри бостонии Саразм чун маркази ташаккули фарҳангӣ, заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон 12 сентябри соли 2020 дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

       Ба муносибати ҷашн гирифтани – 5500 солагии шаҳри Саразм дар асоси пешниҳоди раиси кумитаи тадорукоти оид ба ҷашни 5500 – солагии шаҳри  бостонӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни ин чорабиниро интихоб намуданд.

       Рамзи мазкур аз ҷониби иттифоқҳои расомон ва дизайнерон омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи илмҳо ва вазорати фарҳанг дар бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

       Рамзи -5500 солагии Саразми бостонӣ, доирашакл мебошад ва дар он нишонаҳои кишоварзӣ ҳунармандӣ шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ будани бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷой гардида дар поёни он “5500” бо рақам нишон дода шудааст.

       Бозёфти тиллоии дувоздаҳгӯша, ки маҳсули ҷустуҷӯҳои охир дар Саразм мебошад, дар маркази рамз қарор дорад. Дар миёнаи ин бозёфти дувоздаҳбурҷа деворҳои қадимаи Саразм, ки аз ин сохта шудаанд, насб гардидааст. Худи ин бозёфти тиллоии дувоздаҳбурҷа бо санъати волои заргарӣ сохта шуда, рамзи Хуршед, Офтоб ва Моҳро ифода менамояд. Ҳалқаи гирди сабз ишора ба осмони кабуду беғубор буда, фазои осоиштаву сулҳу суботро таҷассум месозад. Дувоздаҳ бурҷи ин бозёфт агар таъкид ба дувоздаҳ бурҷи ин дувоздаҳ моҳи сол бошад, ба шакли секунҷа овардани он рамзи нурҳои хуршеди ҳаётбахш аст. (3, саҳ. 6)

       Парасти офтоб аз ҷумла бовариҳои ориёоиён бар пирузии нур бар зулмат буда, мазмуни эҳёшавии замин – модарро ифода месозад.

       Тадқиқотҳои бардавоми бостоншиносони ҷаҳон дар ёдгории Саразм собит сохтааст, ки яке аз оинҳои ориёиёон, аз ҷумла аҳли Саразм эътиқот ба Хуршед – Офтоб – Меҳр будааст. Ишора ва аломатҳои дигари ин рамз баёнгари бостонию таърихӣ будани Саразм буда аз шуҳрати Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳад.

       Таърихи Саразм аз ҳазорсолаи  пеш аз мелод сарчашма мегирад. Таҳи шаҳр нақшаи муайян надошта, мисли шаҳрҳои ҳамзамони худ ба хотири дифоъ аз душман девори истеҳкомӣ надоштааст. Аз рӯи тадқиқот маълум  шудааст, ки сарзамини қадим ба дини зардуштӣ гароиш дошта, маъбадҳои оташпарастӣ барояшон муқаддас маҳсуб меёфт ва пайдо гардидани оташкадаҳои мудаввар ва чорпаҳлу аз ин гуфтаҳо шаҳодат медиҳанд.

       Ёфт шудани зеваролот, ки аз сангҳои  қиматбаҳо, ба мисли фирӯза, ақиқ, лоҷвард таҳия шудаанд, кӯраҳои маъдангудозӣ ва қолабҳои ретагарӣ, асбобу олати меҳнат, бофандагӣ, сафолпораҳои гуногуни зарфҳо ва дигар аснод шоҳиди онанд, ки соҳаҳои филизгудозӣ, ҳунармандӣ, кулолӣ ба авҷи тараққӣ расидааст. Тиҷорат низ рӯ ба инкишоф ниҳода, робитаҳои тиҷоратии Саразм бо кишварҳои атроф, бахусус бо Бадахшон, Эрони қадим, мамолики соҳили халиҷи Форс рушд кардааст. Муҳри сангӣ, ки таҷрибаомӯзон дар шурфи 13-уми макони ҳафриёт пайдо намуданд, воситаи махсусе буд, ки тоҷирон онро бобати тасдиқи додугирифти мол фаровон истифода мебурданд. Муҳр ба давраҳои исолит ва эполит мансуб буда, шакл мураббаъ дорад ва дар чаҳор кунҷи он хатҳои нозук мавҷуд буда, дар марказаш сӯрохи мавҷуд аст.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба мероси таърихии кишвар, хусусан Саразми бостонӣ, диққати махсус зоҳир намуда, дар худшиносии миллӣ аҳамият доштани ёдгориҳо ва осори таърихиро ҳамеша таъкид менамояд. Ҳоло, ки вобаста ба таҷлили ҷашни – 5500 солагии саразм, ки 12 сентябри соли 2020 баргузор мегардад, корҳои ободонӣ дар ин мавқеъ бомаром идома доранд. Мувофиқи  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон куҳаншаҳрӣ Саразм мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардида, бобати ҳифзу нигоҳдошти нигораҳо осорхона бунёд мегардад. Ҳудуди минтақа деворбандӣ шуда, бобати гузаронидани ҳамоисӯҳои илмӣ нақшаву чорабиниҳо дар назар аст.

Н.И.И., ДОТСЕНТ МАРҲАМАДИ ТУТИЗОДА