logo

КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ДОНИШКАДАИ СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ ДАР СОЛИ 2019 ҶАМЪБАСТ ШУДА, ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2020 МУШАХХАС ГАРДИДАНД

       27 декабри соли 2019 ҷаласаи Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат доир гардид.

       Дар масъалаи аввали рӯзномаи ҷаласа Ҳисоботи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада Хоркашов И.С. “Доир ба натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020” шунида шуд. Қайд гардид, ки дар соли 2019 шумораи зиёди маводҳои дарсӣ аз рӯи фанҳои гуногуни таълимӣ бо забони тоҷикӣ таҳия ва нашр гардидаанд, ки баҳри таълим ва баланд бардоштани малакаи касбии донишҷӯёну магистрантон нақши назаррас доранд. Аз ҷумла, дар ин давра 7 китоби дарсӣ, 15 васоити таълимӣ, 34 дастурҳои методӣ, 23 монографияи илмӣ, 705 мақолаи илмӣ (110 мақола дар маљаллаҳои тақризшавандаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 83 мақола дар маводҳои конфронсҳои байналмилалӣ) ба табъ расиданд. Соли 2019 бо ташаббуси роҳбарияти донишкада ва Қисми илм ва инноватсия, дар ҳамкорӣ бо кафедраҳои зертобеи факултетҳо, инчунин мақомотҳои гуногуни давлатӣ 1 конфронси байналмилалӣ, 6 конфронси ҷумҳуриявӣ, 1 конфронси донишкадавӣ, 2 ҳамоиши илмӣ, 10 семинари илмӣ-назариявӣ, 12 мизи мудаввар  ва 9 чорабиниҳои гуногуншакли илмӣ баргузор гардид, ки оид ба натиҷаи ҷамъбасти онҳо бо хулосаю пешниҳодот ба мақомотҳои дахлдор фиристода шудаанд, иброз дошт Хоркашов И.С.

       Ҳамчунин қайд гардид, ки устодони донишкада тавонистанд дар соли 2019 дар кори конфронсҳои байналмилалӣ (83 маротиба), ҷумҳуриявӣ ва донишкадавӣ (542 маротиба) иштирок намоянд. Дар 18 кафедраи донишкада 92 ҷаласаи семинари илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-методӣ гузаронида шудааст, ки устодони кафедраҳо вобаста ба равияи корҳои илмӣ таҳқиқотии худ баромад намудаанд.

       Корҳои илмии донишҷӯён асосан дар доираи маҳфилҳои илмии назди кафедраҳо таҳким дода мешавад. Дар соли 2019 дар донишкада 19 маҳфили илмии донишҷӯён фаъолият намуда, дар ҷаласаҳои худ  масоили мухталифи  ба ихтисоси шогирдон алоқамандро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Кафедраҳои донишкада тавонистанд дар соли ҳисоботӣ, 144 маротиба ҷаласаҳои маҳфилҳоро доир намоянд, ки дар кори онҳо 664 нафар донишҷӯён иштирок ва 359 маърӯзаи донишҷӯён шунида шудааст.

      Дар ҷараёни баррасии масъалаи мазкур аъзоёни Шӯрои олимони донишкада баромад намуда, дастовардҳои илмро дар соли 2019 қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Дар баробари ин, доир ба баъзе норасоиҳо дар самти фаъолияти илмии кафедраҳои алоҳида ибрози назар карда шуд.

       Дар охир вазифаҳо вобаста ба самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои соли 2020 мушаххас муайян шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.