logo

МАҲФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШҶУЁНИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИДОРА “САНОАТЧИЁН” БАРГУЗОР ГАРДИД

       13.12.2019 дар Донишкадаи соҳибкорӣ  ва хизмат дар “Толори хониш”-и донишкада маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи иқтисодиёт ва идора “Саноатчиён” дар мавзӯи “Нақши соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки зиёди донишҷӯён баргузор гардид.  Дар  маҳфили мазкур мудири кафедраи иқтисодиёт ва идора н.и.и, дотсент Алишоев Х.Ҳ., сардори шуъбаи илм ва инноватсия н.и.и., дотсент Қаландарова Г.С., ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идора Аҳмадова М.Ф., ассистенти кафедраи  назарияи иқтисод Маҳмадалиев Ф.Ҳ. ва дигар устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.

      Нахуст, мудири кафедра н.и.и, дотсент Алишоев Х.Ҳ. баромад намуда қайд карданд, ки мақсад аз ташкили чунин маҳфилҳо боло бурдани савияи дониши донишҷуён мебошад, аз ин ҷиҳат аз донишҷуён хоҳиш намуд то дар ҷараёни маҳфил  фаъолона ширкат варзанд ва доир ба мавзуи пешниҳодшуда, ки бисёр муҳимияти баланд дорад фикрҳои худро баён намуда, дар бахши саволу ҷавобҳо ширкат варзанд. Мудири кафедра баъди баромади хеш барои бурдани кори маҳфил суханро ба роҳбари маҳфил, ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идора Қозиев Д.А. дод.

       Ҳамин тавр, дар маҳфили илмӣ донишҷӯён  Юлдошев Авазбек донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои саноатӣ  нахустин шуда маърузаи худро дар мавзӯи “Саноатикунонӣ ва таъсири он ба минтақаҳои алоҳидаи кишвар” пешкаши донишҷӯён гардонид. Абдулҳатов А. донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси мазкур бошад, баромади худро дар мавзӯи “Вазъи соҳаи саноати  сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешкаши донишҷӯён  кард. Донишҷӯёни дигари иштирокдошта аз  ихтисосҳои кафедраи мазкур як ба як маърузаҳои худро пешкаш намуданд. Баъд аз баромади ҳар як маърузачӣ аъзоёни маҳфил саволҳои ба худ нофаҳморо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мусбӣ гирифтанд.

      Дар охири маҳфил сардори шуъбаи илм ва инноватсияи донишкада н.и.и, дотсент Қаландарова Г. баромад намуда, ба  дараҷаи баромади маърузачиён баҳои баланд дод ва аз донишҷӯён талаб намуд, ки дар маҳфилҳои илмии дигар кафедраҳо низ фаъолона иштирок намоянд.