logo

ТАРБИЯТИ ҶАЗЗОБИ ОИЛА ЯКЕ АЗ НИШОНАИ ВАТАНДОРӢ

       Ташкили оила бар асоси қонуниятҳои табиӣ ва фитрие, ки Офаридгор наққоши кардааст, тамоюли марду зан ба ҳам ва вуҷуди меҳру муҳаббат байни онҳо мебошад.  Агар ин хусусиятҳо ва ин табиату фитрати тамоюл доштан ба ҳамдигар намебуд, ҳаргиз оилае барпо намешуд.

       Аҳамият ва нақши оилаи солим дар ҷомеа бар касе пўшида нест. Оила аввалин муҳити иҷтимоӣ аст, ки инсон аз оғози лаҳзаҳои зиндагии худ дар он ҳузур пайдо буда, шахсиятҳои асосии ин муҳити иҷтимоии хурд барои инсон падару модар мебошанд, яъне ҳамон шахсиятҳое, ки оиларо ташкил додаанд. Чунин муҳити гарм, ки бар асоси муҳаббати падару модар ташкил мешавад, фазои муносибе барои тарбияи фарзандон мебошад.

       Воқеан оила  асоси хушбахтии хонадон ва ҳамчун занҷири пайвандкунандаи аъзои худ бо ҷомеа мебошад. Дар ин муҳит аъзои оила эҳсосоти муҳаббатомез, қадршиносӣ аз неъматҳо ва заҳмати волидайн, расму оин, садоқат, вафодорӣ, фарҳанг ва арзишҳои фарҳангӣ, арзиши амният ва осудахотириро мешиносанд. Ин арзишҳо дар вуҷуди фарзандон нуфуз мекунад ва онҳо ҳангоми қадам мондан ба арсаи ҷомеа ва ҳаёти иҷтимоӣ бар асоси ҳамин арзишҳо амал мекунанд.

       Ҳадафҳои ташкил додани оила ва натиҷаҳои он дар китобҳои муқаддаси мо мусулмонон ва низ дар осори арзишманди мутафаккирони бузурги миллатамон суханон ва тавсияҳову роҳнамоиҳои бисёр хубе вуҷуд нуҳуфтааст.

       Бунёди оила суннати деринаи иҷтимоӣ мебошад, ки инсоният  пас аз он зиндагии навашро оғоз мекунад. Ичунин паймони муқаддасе аст, ки байни тамоми миллатҳо мавҷуд аст. Дар ин паймони муқаддас, зану мард зиндагии муштаракеро таъсис медиҳанд, то ёру ғамхори  ҳамдигар бошанд. Бояд зикр намуд, ки издивоҷ барои инсонҳо ниёзи табии аст, ки аз офариниши Одам (а) сарчашма гирифтааст. Ҳамчуноне, ки инсон ба обу таом ниёз дорад, дар сину соли муаян ба издивоҷ ҳам ниёз пайдо мекунад.

       Оила ташкил намудан қонуни муҳими зиндагӣ ва иҷтимоии инсонҳо буда, барои инсон сарнавиштсоз мебошад. Қобили зикр аст, ки издивоҷ фоидаҳо ва манфиатҳои гуногуне дорад,  мисли  сомон додани зиндагӣ, таваллуди фарзанд ва ба дунё боқӣ гузоштани насл, ки метавонанд ангезаҳои издивоҷ бошанд.

       Дарки дурусти аҳамият ва ҷойгоҳи оила дар ҷомеа ва талош барои ҳифзи ин ниҳоди муҳим ва калидӣ аз ҷумлаи вазифаҳои ҳар фарди соҳибфикру масъулиятшиноси ҷомеа мебошад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 «Соли оила» номгузорӣ шуда, дастуру супоришҳои мушаххас ва барномаҳои амалии муайн пешниҳод гардид, то дар саросари ҷумҳурии азизамон амалӣ карда шавад. Ин аз ҳушёриву зиракии Роҳбари давлат дарак медиҳад.

       Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баракати Истиқлолият ва ба туфайли мавҷуд будани сарчашмаҳои пурғановати миллӣ ва мазҳабӣ, мардуми мо дар шароити хуби иҷтимоӣ қарор доранд.

       Яке аз ниёзҳои табиии инсон улфату муҳаббат аст. Ба танҳоӣ  зиндагӣ кардан душвор  аст. Ҳар як шахс ба каси дигаре ниёз дорад, то аз тасаллиятҳову дилҷўиҳояш баҳраманд шуда, хастагияшро бартараф намояд.  Бояд қайд намуд, ки беҳтарин фарде, ки метавонад ин ниёзи табииро таъмин намояд, ҳамсар аст. Аз нигоҳи дини ислом доштани ҳамсари солеҳаро аз ҷумлаи бузургтарин неъматҳои Дунё ва асоси хушбахтии хонадон ҳисобидаанд, ки дар ин бора Паёмбар мефармояд: «Дунё пур аз неъматҳост ва беҳтарини неъматҳои он зани некўкор ва покдоман аст». (ривояти Муслим).

       Зан бо рафтору одоби накў ва иффату покдоманӣ ва бо ҳосил намудани донишу амалкард ба он  метавонад, беҳтарин ҳамсар ва ёвар бошад ва омили хушбахтии оилаи худ гардад. Дар ҳақиқат ҷомеаи солим аз оилаи  солим ташкил меёбад. Ба Дунё омадани фарзанд падару модарро ба зиндагӣ дилгарм карда, ба оилаи онҳо сафову самимият мебахшад.

       Мавриди зикр аст, ки яке аз хатарҳое, ки оилаҳои навташкилро таҳдид мекунад, бефарзандӣ ё ноқис ба дунё омадани фарзандон мебошад. Ҳамон гуна ки гуфта шуд, ба дунё омадани фарзандони солим дар оила боиси мустаҳкам шудани он ва бештар шудани меҳру муҳаббат мегардад. Аммо агар зану шавҳар фарзанддор нашаванд, ё фарзандони носолим ба дунё оранд, ҳатман дар пайванди миёни онҳо халал ворид шуда, дилсардӣ ва навмедӣ нисбат ба ояндаи зиндагӣ дар онҳо ба вуҷуд меояд.

       Илми имрўза собит намудааст, ки тақрибан 25 фоизи иллати ба дунё омадани фарзандони носолим издивоҷҳои хешутаборӣ мебошад. Издивоҷи духтари хола бо писархола, духтари амма бо писари амма, духтари тағоӣ бо писари тағоӣ ва ҳамин тавр ҳолатҳои дигаре, ки байни ин хешовандони зикршуда метавон тасаввур намуд.

       Ҷиҳати хатару эҳтимолие инсонро таҳдид кунад, шариат дастур додааст, ки аз он худро дур дорем ва ҳимоят кунем.

       Илми тибби имрўза дастгоҳҳои пешрафтае сохта шудааст, ки бо озмоиш намудани хуни ду нафар метавонанд пешбинӣ кунанд, ки оё аз инҳо фарзанди носолим ба дунё меояд ё солим ва оё инҳо умуман фарзанддор мешаванд. Дар олами муосир  кишварҳои пешрафта инсонҳо пеш аз издивоҷ ин озмоишҳоро мегузаронанд то ҳудуди зиёде ҳолатҳои ногувори дар боло зикршударо пешгирӣ менамоянд. Ин озмоиш новобаста аз он ки тарафҳо хешу табори доранд, зарурӣ мебошад

       Кишвари мо бо шукронаи истиқлол заҳматҳову тадбирҳои Давлату Ҳукумат имкони гузаронидани ин гуна озмоишҳо фароҳам шудааст. Пас, мардуми мо ҳам метавонанд бо истифода аз дастовардҳои навини илмӣ аз издивоҷҳои хатарзо худ ва фарзандони худро пешгирӣ ва ҳимоят менамоянд. Фарзандон дар навбати худ боиси мустаҳкамтар шудани сутунҳои хонавода бештар гаштани гармии муҳаббат дар миёни аъзои он мегарданд.Фарзанд ки омили пайванди оилааст, тарбияи он волидайн масъулияти муҳиме бар дўш доранд. Фарзанди боодобу нексиришт, донишманду хайрхоҳ тарбия намудан ва ба хидмати ҷомеа тақдим кардан вазифаи муқаддаси волидайн ба хусус модарон ба шумор меравад. Зеро модар аввалин муаллим ва аввалин мактабу мураббист. Агар модар бо маърифат бошад, фарзанди ў соҳиби илму дониш хоҳад шуд.

       Кўдак бештари вақти худро дар назди модар мегузаронад, феълу рафтор ва муомилаи модар ба ў таъсири зиёд мерасонад.

       Мутафаккири бузурги шарқ аллома Иқболи Лоҳурӣ рафтори модарро дар тарбияи фарзанд аз китобу дафтар муассиртар дониста, мегўяд:

Дар дафтари муаллиму омўзгор нест,

Он тарбият, ки зодаи домони модар аст.

Рафтори модар аз пайи сармашқи кўдакон,

Беҳтар зи ҳар китобу зи ҳар гуна дафтар аст.

       Сират ва росгўйию садоқати фарзандон ба модар вобастагии зиёд дорад. Мутафаккири бузурги шарқ дар ҷои дигар мегўяд:

Сирати фарзандҳо аз уммаҳот,

Ҷавҳари сидқу сафо аз уммаҳот.

       Нуқтаро ҳеҷ гоҳ набояд фаромўш кард, ки барои ислоҳи як нафар лозим аст, ки чаҳор нафар ислоҳ шавад, то фарзанд ба зудӣ дар як фазои ахлоқи ҳамида ва илму маърифат рушду такомул ёбад. Ин чаҳор нафар падар, модар, муаллим ва дўсти ўст. Масъалаи тарбияи фарзанд албатта мавзўи дигар аст ва ба хотири зиёд нашудани мақола дар ҳаминҷо иктифо мекунем ва мехостам ба мавзўи аслии худ баргардам.

       Олим ташкил додан, дар қонуни гарми хонавода оромиш ва сукунат намудан, бо дили фориғ ба адои вазифаҳои дар пешдошта машғул  шудан, ба ҳамсари хушахлоқу бомаърифат вобастагии зиёд дорад. Агар ҳамсар худхоҳу бадрафтор бошад, шавҳарашро ба зулму ситам, ва ба муомилаи ғайриинсонӣ водор мекунад. Як хатои зан мушкилоти зиёдеро ба зиндагӣ меоварад. Бояд ҳолати равонии (психологӣ) якдигарро дарк карда тавонанд, то дар ҳолатҳои гуногуни ҳаёт, муносибати хешро хуб ба роҳ монанд ва ба якдигар ёрӣ расонда тавонанд.

      Издивоҷ фақат ниёзи шахсӣ нест, ки танҳо марбут ба  зану мард бошад, балки амри иҷтимоӣ низ мебошад. Зеро як ҷомеаи бузург аз хонаводаи хурд ташкил меёбад. Ислоҳу фасоди ҷомеа аз салоҳу фасоди хонаводаҳо маншаъ мегирад, ислоҳи ҷомеаро бояд аз тариқи ислоҳ ва солим гардонидани хонаводаҳо шурўъ кард. Яке аз мушкилоти иҷтимоие, ки дар ҷомеа мушоҳида мешавад, иллаташ омода набудани ҷавонон ба издивоҷ аст. Роҳи ҳалли ин мушкил омода намудани ҷавонон барои издивоҷ мебошад. Агар  мушкили мазкур  ҳал шавад, бисёре аз мушкилоти дигари оилавӣ рафъ хоҳад шуд. Инчунини корҳои иҷтимоӣ оиди  бартараф сохтани монеаҳои издивоҷ,  саъю талош кунанд ва ҷавононро аз оқибати бадӣ урфу одатҳо ва хурофотҳои бемаънӣ огоҳ кунанд. Пушида нест, ки айёми ҷавонӣ як даврони бисёр ҳассос ва сарнавиштсозе аст, ки дар ин давра  ғаризаҳое, ки дар вуҷуди инсон ниҳода шудааст, ба тадриҷ бедор мегарданд. Агар дуруст парвариш ёбанд ва дар масири рост ҳидоят ёбанд, инсонро ба хушбахтиву саодатмандӣ мерасонад. Аммо, агар аз роҳи дуруст берун шавад, ояндаи ҷавонро табоҳ ва зери хатар қарор медиҳад.

       Дигар сабабҳои монеи издивоҷи ҷавонон хароҷоти зиёд ва исрофкориҳову баъзе сарпарастони оилаҳо ба шумор меравад.  Аз  касоне, ки  шароити иқтисодияшон хуб нест,  борҳо шунидаам, ки мегўянд: «Хуб шуд, ки қонуни танзим баромад ва мо аз гузаронидани маъракаҳои вазнин халос шудем».

       Ҷавонон бояд ба маслиҳату насиҳати падару модар  гўш андозанд, зеро онҳо таҷрибаи ҳаётӣ доранд ва паҳлуҳои неку бади  зиндагиро аз сар гузаронидаанд. Мавриди зикр аст, ки борҳо бо ҷавонон вохўрдаам, ки пас аз оила бунёд карданашон   дилсарду пушаймон гаштаанд. Ва мегуфтанд, ки нисбат ба падару модарамон  хеле эҳтиром қоилем, аммо ин кори онҳоро, ки  (бо фарзанди яке аз рафиқашон ё хешу табор  маҷбуран  маро хонадор карданд)  розӣ нестем.

       Хулоса, амри муҳими ҳаётӣ маҷбур намудани ҷавонон иштибоҳи бузург аст. Муҳаббатро дар қалби инсон маҷбурӣ  ҷой карда намешавад. Муҳаббату дўстӣ  як амри табиист, ки дар фитрати инсон нуҳуфтааст. Тарбияи хуб аз муҳимтарин умуре аст, ки ҳангоми интихоби ҳамсар диққати махсус дода мешавад, зеро ҳамсарон,  ки мехоҳанд, як умр бо ҳам зиндагӣ кунанд, таҳти таъсири ақида ва ахлоқу рафтори якдигар  қарор хоҳанд гирифт. Ҷавоне, ки дар оилаи нек ба воя расида аст ва падару модараш дар тарбияи рўҳиву равонӣ, маънавию ахлоқияш диққати ҷиддӣ додаанд, метавонад, ҳамсари худро ба ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, амали солеху вафодорӣ ташвиқу тарғиб намуда, оилаи солиму хушбахт ташкил намояд.

 

Комилов Далер Рустамович— номзади илмҳои фалсафа, дотсенти Дониш-кадаи соҳибкори ва хизмат;

Исмоилов Ҷамшед Қурбоналиевич— муовини декан оид ба корҳои тарбияви дар факултети сайёҳӣ Донишкадаи соҳибкори ва хизмат