logo

«ТОҶИКОН ВА УЗБЕКОН ЯК ХАЛҚАНД, КИ БО ДУ ЗАБОН ҲАРФ МЕЗАНАНД»

       13-уми декабри соли 2019 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикороти факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон дар толори калони фарҳангии донишкада, бахшида ба мустаҳкамгардӣ ва тақвиятёбии дустии ду миллат Тоҷикистон ва Узбекистон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо номи «Тоҷикон ва Узбекон як халқанд, ки бо ду забон ҳарф мезананд» (Таджики и узбеки это один народ говорящий на двух языках) доир карда шуд.

      Чорабинии мазкур бо садо додани сурудҳои миллии ҳарду ҷониб оғоз гардид.  Дар барномаи фарҳангӣ-фароғатии ташкилнамуда, донишҷўён урфу одат, расму оин ва ҳунарҳои мардумии ду халқи бо ҳам дўсту бародарро нишон доданд.

       Хурсандиву шодии донишҷӯёни кишвари ба мо дусту бародар Ӯзбекистонро дар ин чорабинӣ ҳадду канор набуд.

      Раёсати донишкада тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ барои боз ҳам устувор гардидани дустӣ байни ҷавонони тоҷику узбек чунин чорабиниҳоро роҳандозӣ намояд.