logo

МАҲФИЛИ ИЛМИИ «ИҚТИСОДЧИИ ҶАВОН»-И КАФЕДРАИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ ДОИР ГАРДИД

       13 декабри соли 2019 дар толори шўрои олимони бинои 4-и Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат маҳфили илмии «Иқтисодчии ҷавон» дар мавзўи: «Таҳлили нишондиҳандаҳои макро- иқтисодӣ, ҷанбаҳои назариявӣ ва амниятии онҳо» баргузор гардид

       Мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ н.и.и Ҳабибуллоев М.Ҳ., бо сухани ифтитоҳи баромад намуда, қайд карданд, ки мувофиқи Нақша-чорабиниҳои донишкада дар кафедраи назарияи иқтисодӣ  гузаронидани чунин чорабиниҳои илмӣ ва маҳфилҳои илмии донишҷўён пешбинӣ шудааст.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон доим таъкид менамоянд, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, хулоса рушди муназзаму устувории иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем.

       Бинобар ин, гузаронидани чунин маҳфилҳои илмӣ дорои манфиати муҳимӣ илмии иқтисодӣ мебошад.

      Сипас, сухан дар мавзўи «Таснифоти зинаҳои обекти амнияти иқтисодӣ» ба донишҷўи курси 4 уми ихтисоси 1-96010102 –Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ Шодиев Ш зери роҳбарии мудири кафедра Ҳабибуллоев М.Ҳ. дода шуд.

       Сухан дар мавзўи «Ҳадафҳои стратегии давлат ва роҳҳои амали намудани онҳо» ба донишҷўи курси 2 юми ихтисоси 1-25010711 –Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатӣ Ғуломзода Н зери роҳбарии устоди калони кафедра Тағоев Б.Ш. дода шуд.

       Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босурати кишвар мебошанд.

      Сипас, сухан дар мавзўи «Нақши таълимоти Карл Маркс дар шароити муосир» ба донишҷўи курси 1 уми ихтисоси 1-25010410 –Менеҷменти молиявӣ Исломов Ф. зери роҳбарии дотсенти кафедра Маҳмудова М. дода шуд.

       Дар фарҷоми маҳфил баҳсу мунозираи иштирокчиён ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.