logo

ОЗМУНИ «РЕФЕРАТИ БЕҲТАРИН» БАРГУЗОР ГАРДИД

       Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи дониши донишҷӯён санаи 12.12.2019 сол кафедраи «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» озмуни «Реферати беҳтарин» дар мавзӯи: “Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва нақши он дар низоми идоракунии давлатӣ”-ро дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намуданд.

      Дар он донишҷӯёни донишкада курсҳои 2,3, иштирок намуданд. Аз тарафи кафедра дар озмун мудири кафедра дотсент Исломова З.С., муаллимаи калон Ширинова Г.С., ассистентон Шарипов Ҳ.А.,Нуров Н.Қ , Раҳматбеков Ш.Б. ва Муродова Ф.П. иштирок доштанд. Дар озмун декани факултети “Сайёҳӣ” дотсент Мирсаидов Ф.А.  низ  иштирок намуданд.

      Ҳадаф аз баргузории озмуни «Реферати беҳтарин» дар донишкада, ин таъмини шароит барои дарёфти истеъдодҳо, эҷодкорон ва тарбияи донишҷӯёни ҷавон, нигоҳдорӣ ва таъмини истеъдодҳо, ҳавасмандкунии кори кафедра оид ба ташкили корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён, ҳамкорӣ барои баланд бардории сифати тайёрии мутахассисони соҳиби таҳсилоти олии касбӣ, вусъатдиҳии ҳамгироии илм ва таҳсилот мебошад.

      Кафедраи “Идоракунии давлатӣ ва маҳалӣ”-и Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат минбаъд низ барои дарёфти исеъдодҳои ҷавон дар ҳама самтҳо чунин намуди озмунҳоро пай дар пай доир менамояд.