logo

ЧОРАБИНИИ ВАСЕЪИ ИЛМӢ — НАЗАРИЯВӢ ВА ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Кафедраи молия ва қарз  бахшида ба “Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии васеъи илмӣ — назариявӣ ва тарбиявиро баргузор намуд.

       Вобаста ба оне, ки чорабини мазкур бахшида бар рӯзи кормандони мақомоти молия нигаронида шуда буд, дар он Қонуни асосии идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи тафсири «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат»  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

      Чорабинии тантанавиро мудири кафедраи молия ва қарзи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат н.и.и., дотсент Нидоев Парвиз Фозилович  ифтитоҳ намуда, устодон, донишҷӯён ва аҳли кормандони кафедраи молия ва қарзро бо ин рузи фархунда табрик намуд.
Дар баромади дотсент Нидоев П.Ф. қайд карда шуд, ки тамоми афзалиятҳои кишвари соҳибистиқлол ва рушди он аз корнамоиҳои беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати  миллӣ — Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст.

       Бахусус рушди фаъолияти молиявии Ҷуҳурии Тоҷикистон низ аз меҳнатҳои бузурги шабонарӯзии Пешвои миллати маҳбубамон сарчашма гирифта то ба имрӯз идома ёфта истодаанд. Зеро давлати тоҷиконро ин Марди абарқудрати маҳбуби таърихӣ аз нестшавӣ,  парокандагӣ ва ҷангу хунрезӣ озод намуда, онро ба самти рушд раҳсипор намуд, ки вазъияти молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят хуб гардид. Ба мисоли қисми даромади буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 дар соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил дод. Ин албатта аз корнамоиҳои бузурги таърихии Пешвои муаззами миллат дар самти рушди вазъияти молиявӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад.

      Дар маърӯзаи дотсент Нидоев П.Ф.  инчунин тафсири «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат», бо 15 — презентатсия слайдҳо маънидод карда шудаанд, ки вобаста ба қонуни мазкур гуфта шуд  “Бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ муқаррар мекунад.

      Мудири кафедраи молия ва қарз, н.и.и., дотсент Нидоев П.Ф. вобаста ба моддаи якуми қонуни мазкур қайд намудаанд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.

      Ва умуман мебояд тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аз имкониятҳои муҳайё намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода бурда дар таъмини амният ва рушди вазъияти молиявӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софдилона хизмат намоянд. Дар охири чорабинӣ дотсентони кафедраи молия ва қарз Изатов Қ.И. ва Кенҷаева Р.Ҳ. ибрози ақида намуда, фикрҳои худро барои таҳкими муносибатҳои  молиявӣ  ва донишомӯзии донишҷӯён вобаста ба қонуни мазкур баён намудаанд.

      Дар охири чорабинӣ саволҳо ба маърӯзачӣ мудири кафедраи молия ва қарз, н.и.и., дотсент Нидоев П.Ф. аз тарафи иштирокчиёни чорабинӣ дода шуда ба онҳо ҷавобҳои амиқ дода шуд.