logo

ДАВРИ АВВАЛИ ОЛИМПИАДА АЗ ФАННИ ҲУҚУҚ БАРГУЗОР ГАРДИД

        Тибқи нақша чорабиниҳои раёсати илм ва инноватсияи донишкада ва кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ 7-уми декабр дар толори лексионии №1 даври якуми олимпиада аз фанни ҳуқуқ баргузор  гардид.

      Дар рафти баргузории олимпиада  ҳайати устодони кафедраи  фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ,  профессор Искандаров З, дотсент Нодиров Ф., дотсент Сафаров И., дотсент Ғайратов Т., раис ва аъзои фаъоли маҳфили “Гумрукчиёни ҷавон”  донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 1-96010101 Хоҷаев С. ва Тоирзода Ш.   иштирок намуданд.

        Донишҷӯён аз ихтисосҳои гуногуни донишкада иштирок карда сатҳи саводнокии худро санҷиданд.

        Сараввал мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ  дотсент Нодиров Ф  баромад карда ба иштирокчиён барои сабқати илму дониш муваффақияту бурдбориҳо таманно намуд.

        Профессор Искандаров З.Ҳ. баромад намуда тазаккур доданд, ки дар ҷараёни таҳсили илм нақш ва ҷои Олимпиадаи фанни хело назаррас мебошад. Бинобар ин, ба Шумо шогирдони азиз дар ин самт муваффақият орзӯ менамоям.

        Сипас, раиси маҳфили “Гумрукчиёни ҷавон” донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-96010101 Хоҷаев С. тарзу тартиби  гузаронидани Олимпиадаро ба иштирокчиён фаҳмонида, ба кори он оғоз бахшид.

        Донишҷӯён дар давоми як соати академӣ ба саволҳои гузошташуда, ки иборат аз вариантҳои гуногуни тестӣ буданд, ҷавоб гардониданд.

        Санаи 10.12.2019 натиҷаи Олимпиада эълон хоҳад шуд.