logo

ИДОРАКУНИИ СТРАТЕГӢ ВА ТАЪМИНИ САМАРАНОКИИ ЗАХИРАҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Зери чунин унвон 6 декабри соли равон дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  олимону муҳаққиқон, устодону донишҷӯён ва магистрантони донишкада иштирок намуданд.

      Пас, аз садо додани суруди миллӣ конфронсро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада, дотсент Хоркашов И.С. ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни конфронсро аз номи Роҳбарияти донишкада ҷиҳати ширкаташон дар ин конфронс хайрамақдам гуфтанд. Дар идомаи баромади хеш муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада зикр намуданд, ки имрӯз Тоҷикистони азизи моро ҷаҳониён на танҳо ба қуллаҳои сарбафалаккашидаи барфпӯш, чашмаҳои мусаффо, ёдгориҳои таърихию табиати афсунгар, балки бо ташабусҳои масоили обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даҳсолаи охир доир ба масъалаи об дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ бо силсилаи ташаббусҳо баромад намуда, дар ин самт тадбирҳои судманд андешиданд, аз ҷумла, соли 2003 – соли “Оби тоза” , солҳои 2005-2015 Даҳсолаи “Амалиёти об барои ҳаёт, соли 2013 – Соли ҳамкории байналмилалӣ дар риштаи об ва солҳои 2018-2028 “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор.

      Бо мақсади ошкор сохтани муаммоҳои мавҷуда дар самти обу энергетика ва инчунин иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 таҳти № 79 роҳбарияти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, то конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи “Идоракунии стратегӣ ва таъмини самаранокии захираҳои эенергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар пояи кафедраҳои менеҷмент ва маркетинг ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт доир намояд. Ҳадаф аз баргузории ин конфронс ҷамъ намудани мутахассисон ва олимони соҳа баҳри дарёфти роҳҳои ҳалли муаммоҳои дар ин самт ҷойдошта мебошад.

      Сипас, тибқи барномаи конфронс дар ҷаласаи пленарӣ баромадҳои Кобулиев З.В. – директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  доктори илмҳои техникӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои идоракунии захираҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Асоев Ҳ.М. — коршиноси масоили экологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи Нақши арзишҳои илмӣ дар такмил додани  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба об баҳри татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Баёнова М. Г.  — муаллимаи калони кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар мавзӯи “Становление концессионного механизма в энергетическом секторе Республики Таджикистан” шунида шуданд.

      Пас аз нисфирӯзӣ конфронс кори худро дар ду бахш идома дод. Боиси қайд аст, ки маводи конфронс дар шакли маҷмӯаи алоҳида дар ҳаҷми 233 саҳифа аз чоп баромад ва дастраси муаллифон гардонида шуд.