logo

ВОХУРИИ СУДМАНД

 

       5-уми декабри  соли равон дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақша-чорабиниҳо оид ба амалисозии Нақшаи  чорабиниҳои донишкадавӣ “Оид ба масъалаи сиёсати давлатӣ дар робита ба ҷавонон, масъалаи интихоби вакилон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишкада бо коршиноси Кумитаи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов И.Т., сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон—Вализода Ҳ.С., сардори шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди Ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии ТоҶикистон Сатторзода А.А. ва сардори раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Р.Ш. вохӯрӣ доир гардид.

       Чорабиниро ректори донишкада, профессор Обидов Фозил Саидович ифтитоҳ намуда, ҷиҳати Нақша-чорабиниҳое, ки дар робита ба масъалаи ҳуқуқии ҷавонон, нақши Ҳукумат дар тарбияи ҷавонон, масъалаи интихоби вакилони халқ дар Донишкада маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо мақсади татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора чорабиниҳои гуногун дар атрофи нагаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва ифротӣ, таблиғи фарҳанги бегона ва монанди инҳо чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ кардааст. Дар доираи татбиқи нақша дар тамоми сохторҳои Донишкада вохӯрии мушовири бахши ҳуқуқии донишкада Ойев Х. ва муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷабборов Б.Б. бо устодону донишҷӯён доир карда шуд. Дар ин мулоқотҳо мавзуъҳои волоияти қонун, мубориза ба коррупсия ва пешгирии он, ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ ҷиҳати мубориза бо ҳолатҳои характери коррупсионидошта матраҳ гардиданд.

      Дар идомаи чорабинӣ Коршиноси КМИР ҶТ Маҳмудов И.Т. риштаи суханро ба даст гирифта дар мавзуъи “Интихобот ҳамчун падидаи ҷомеаи демократӣ” сухан ба миён оварда хеле муфассал дар бораи интихобот, тартиби баргузории он, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон дар интихобот ва дигар падидаҳои сиёсии ба он монанд суханронӣ карданд. Инчунин қайд карданд, ки дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон шароитҳои хуб барои барпо гардидани ин чорабиниҳои сиёсӣ дар сатҳи хеле олӣ ва шаффоф муҳайё гардидаанд, ки ҳамасола кормандони муассисаҳои гуногуни таълимӣ ба ҳайси раиси комиссияи интихоботӣ ва аъзои он ширкат меварзанд. Инчунин, доир ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ки донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои шахс метавонад дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ӯ нақши бузург гузорад, суханронӣ карданд

      Сипас, Вализода Ҳ.С. сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъи “Илму маърифат асоси муқовимат бо терроризму экстремизм ва ифротгароӣ” маъруза намуда бо суханони насиҳатомез диққати ҳозиринро ба худ ҷалб карданд. Мавсуф дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба пешгирии ҷавонон аз нагаравидан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва нақшаву барномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода сухан ба миён оварда, хеле бамаврид қайд карданд, ки танҳо илму дониш, кӯшишу ғайрат ва мутолиаи пайваста метавонад сатҳу савияи дониши ҷавонони моро баланд бурда, онҳоро аз ҳисси бегонапарастӣ дур созад ва суханони худро бо иқтибос аз олими бузурги Ҳинду Покистон Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, ки ба худшиносӣ равона карда шуда буданд, тақвият доданд.

       Инчунин, мавсуф соҳаи маорифро таҳкурсии муҳташами созандагӣ ва рушду нумӯи ояндаи давлатдорӣ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ҷавонони муҳассил бояд баҳри аз байн бурдани қонуншиканӣ, бартараф намудани омилҳои таҳкимдиҳандаи даст задан ба ҷиноят бояд дурӣ ҷуста ҳарчи бештар ҳуқуқҳои хешро аз рӯйи қонун ҳифз созанд.

      Дар идомаи чорабинӣ риштаи сухан ба сардори раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Р.Ш. дода шуд. Мавсуф дар мавзуъи “Худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон омили таҳкими субот дар ҷомеа” маъруза намуда, қайд карданд, ки ҷавонон бояд ҳамеша аз арзишҳои замони Истиқлолият шукргузорӣ ва посдорӣ намуда бо истифода аз имкониятҳои бузурги пешниҳодшуда ояндаи дурахшони худ ва халқу миллатро дар ойинаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҷилвагар бинанд. Инчунин, қайд карданд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои зиёдеро дар робита ба дастгирии ҷавонон матраҳ кардааст, ки сол аз сол бештар амалӣ мегарданд.

      Дар идомаи чорабинӣ сардори шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди Ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторзода А.А. дар атрофи волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, мақоми волои шаҳрвандон ва баробарии онҳо дар назди қонун сухан ба миён оварда, қайд карданд, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва болоравии маърифати ҳуқуқии онҳо ҳамеша дар мадди назари давлату ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

       Дар поёни чорабинӣ миёни меҳмонон ва устодону донишҷӯён суҳбати хоса сурат гирифт.