logo

ГУСТАРИШИ ИЛМ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

 

      Амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад, ки он ҳифзи  шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳар гуна зуроварии зидди ҳуқуқӣ таъмин менамояд.

      Бояд Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои  ҳар фарди миллат муқаддасу мўътабар мебошад, зеро Ватан далели асосии ҳастии миллат ба шумор меравад. Таърихи мулку мулкдори гувоҳ аст, ки гузаштагони миллати тоҷик нишон медиҳад, ки дар ин Ватан шахсиятҳои бузурги дорои азму иродаи тавоно ва ғурури миллӣ кору фаъолият намудаанд, ки барои ҳимояи Ватани хеш ҷонфидоиҳои қаҳрамонона кардаанд.

      Талошҳои Ватандўстона  баҳри пойдории амнияти миллӣ мусоидат намуда, самараҳои хурсандибахш хоҳанд дод.

      Бояд таъкид кард, ки имрўз қувваҳое ҳастанд, ки барои ноором кардани вазъият ва халалдор намудани амнияти миллии ин ё он давлатҳои ҷаҳонӣ муосир ҳавасманд мебошанд.

      Бинобар ин, онҳо ҳар гуна равияҳо, аз он ҷумла равияҳои миллиро дастгирӣ намуда, вазъиятро дар ин ё он минтақа халалдор менамоянд ва барои амнияти давлатҳо хатар эҷод мекунанд.

      Таърихи мулку мулкдорӣ гувоҳ аст,  ки аз қадим то имрўз бисёре аз миллат ва давлатҳои ҷаҳон дорои Пешвои сиёсӣ буда, онҳо миллату давлати худро ба як ҷомеаи саодатманд расонида, аз нестшавӣ ва парокандагӣ наҷот додаанд. Таҷассуми пешвои хирадманд  дар нақши Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Искандари Мақдунӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ маълуму машҳур аст.

      Паёмбарони Худо ва имомони мазоҳиб дар ҷодаи дин ба ҳайси Пешво эътироф гашта,  дар самти наҷоти башарият дар мубориза бо хурофот, ҷаҳлу таассуб ва оини бутпарстию ширкгароӣ хизматҳои шоиста ва мондагор барои инсоният анҷом додаанд. Номи накў ва амалҳои солеҳи онон дар авроқи таърих бо оби тилло навишта шуда, имрўз боиси ифтихор ва эҳтироми ҷомеаи башарӣ мебошанд.

      Искандари Мақдунӣ дар Юнони қадим, иператор Куруши Кабир дар хиттаи Ориё, Амир Имсоили Сомонӣ дар Бухорову Балх, Пётри 1 дар Русия ҳамчун пешвоёни сиёсӣ ва ҳомии асосии миллату давлати хеш шинохта шудаанд.

      Пешвои сиёсии халқи Чин Мао Зе Дун дар эҳёи миллат, давлатдории миллӣ ва иқтисодиёти кишвари Чин саҳми арзишманд гузошта, бо сипарӣ шудани вақт ва бо баракати сиёсати хирадмандонаи  Мао Зе Дун давлати Чин яке аз бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ гаштааст. Ҷорҷ Вашингитон то имрўз пешвои сиёсӣ ва ифтихории амрикоиҳо буда, ба ному сурати вай асъори миллӣ сикка зада шудааст.

      Набудани лидери қавии сиёсӣ ба ҳайси Пешвои миллат, яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд. Набояд он рўзҳои сиёҳ ва хунрезиҳои бемаъниро фаромуш сохт. Зиракӣ ва бедории миллиро набояд аз даст дод. Душманони миллат, созмонҳои экстремистӣ ва хоҷагони онҳо қарор нестанд, балки барои ноором сохтани авзои сиёсии кишвар пайваста бо ҳар шева дар ҳолати нафратэҷодкунӣ ба шахсияти Пешвои миллат ва давлати миллӣ ҳастанд.

      Ин нуқта, хусусан дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ амри ногузир аст, зеро дар манотиқи мухталифи ҷаҳон имрўз ҳаракату, ҷараёнҳои ифротӣ зиёд ба назар мерасанд, ки бешубҳа ба амнияту суботи ҷомеа таҳдид менамоянд.

      Ҳодисаву воқеаҳои охири сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни олам махсусан дар ҷомеаҳои мусулмоннишин моро водор менамояд, ки оид ба сабабҳои ба вуҷуд омадани ҳодисаҳо андеша намоем. Зеро, наандешидан, хулоса набаровардан ва дар фикри он набудан, метавонад ба сари ҷомеаи мо низ масъалаҳои сиёсиву амниятиеро эҷод намуда, оромии кишварро зери суол бубарад. Мо набояд фаромўш кунем, ки дар оѓози соҳибистиқлолии давлатӣ ҷанги дохилӣ боиси даҳсолаҳо қафо мондани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ гардид ва мушкилотҳои зиёдеро ба сари миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон овард.

      Масъалаи асосии амнияти миллӣ, ташаккул ва таҳкими доимии шуури худшиносии миллӣ ва  пойдевори он аз шуури муқаррарӣ замина мегирад.

      Аз ҳамин нуқтаи назар, имрўз ҳимояи якпорчагии кишвар, ҳифзи сулҳу субот ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими сиёсиву амниятии кишварро ташкил медиҳад.

      Сулҳ мафҳумест ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфахмӣ, озодихоҳиву ватандустист. Ин аст, ки ҳастию пояндагии сулҳ на танҳо дар ҳастии давлату миллат, балки дар ҳастии хар як гулу гиёҳ ва тамоми ҷисмҳои зинда қувваи олам эҳсос мешавад. Сулҳ чун офтоби рахшон. баҳори пуробуранг, табиати пур аз роз, замини мубораку пурбор, одамони мушфиқу меҳрубониҳост. Ҳақиқатан сулҳ амниятест, ки чун дар мавриди хоб будани тифлакон модар дар истироҳат асту изтироб надорад, дар мавриди сулҳу осоиштагӣ низ давлат орому осоишта арзи ҳастӣ менамояд. Аз дарду ранҷ ва фитнаву дасисаҳо канора мегирад. Пас, сулҳу осоиштагӣ ва фароѓати давлату миллат худ аз худ ба осонӣ ба даст намеояд. Барои ба даст овардани сулҳу дустӣ, ҳануз дар солҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми мо дар муҳорибаҳои шадиду хунин ва дардафзо иштирок намуда, ҷони худро дар роҳи сулҳу дустӣ ва озодии Ватанӣ хеш дареѓ надоштаанд. Фарзандону ҳамсарони меҳрубони хешро ба ҳоли худ гузошта, баҳри озодии Ватан кушидаанд. Гуруснагиҳо дида, афсурдагиҳоро паси сар кардаанд. Натиҷаи ин заҳматҳои зиёди чунин мардони баномусу нанги миллат имрўз моён бо умеду орзу ва озодиву осоиштагӣ умр ба сар мебарем. Хушбахтем, озоду бофароѓат зиндагӣ мекунем, офтоби гармталъат саховатмандона ба сарамон нуру зиё ва меҳру муҳаббат эҳё намуда, шодиамонро афзун мегардонад. Имруз бо заҳмати беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати бонангу номуси тоҷик Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дустӣ дорад. Ҳамаруза чун миллати сулҳхоҳу давлати тинҷу ором ҳамкориву ҳамраъйи намуда, дар бурду бохт ва камию костиҳои онҳо саҳмгузор аст. Тамоми давлатҳо бо кишвари мо робитаҳои дустӣ доранд, ки ин натиҷаи сулҳу оромӣ аст.

      Сулҳ дар ҳаёти имрузаи мардуми тоҷик ва фарҳангдуст бо калимаи «Ваҳдат» пайванд гардида, мафҳуми бештареро фарогир гардид. Акнун дар ҷумхурии офтобруямон Точикистон рузи 27-июн ҳамчун рузи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мардуми мо ин рузро чун рузи баҳамто, ҳамгироӣ, сулҳу оштипазирӣ ва ваҳдату ҳамфикрӣ ҷашн мегиранд.

      Таърихи давлат ва таърихи амният ду мафҳуми вобаста бо ҳам буда, аз лиҳози сиёсӣ якдигарро пурра менамоянд. Яъне, таърихи давлат, ин таърихи амнияти он аст. Аз ин рў, давлат дар асоси қонуниятҳои хоси раванди ҳодисаҳои ҷамъиятӣ пайдо гардида, ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ арзи вуҷуд мекунад. Муҳтавои амнияти давлат дар Қонуни асосии ҳар як давлат дарҷ мегардад. Аввалин тасаввуроти одамон оид ба мавҷудияти муҳимтарин ва гаронарзиши сиёсӣ ҳамчун «давлат», ин зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеаро дар назар доранд.

      Илм чист? Илм- фаъолияти маънавии махсуси инсон, ки барои ҳосилкардани равона шудааст. Маънои қадимтарин ва наздик, ки имрузҳо ба кор меравад ҳамин аст. Яъне, илм — соҳаи фаъолияти одамият, ки бо корҳои зерин алоқаманд аст: ҷамъ овардан, нигоҳ доштан, дараҷабандӣ, таҳлил, паҳн кардан, интиқол ва истифодаи маълумот, сохтан ва ё беҳтар гардонидани назарияҳо ки имконияти дурусти фаҳмонидани гардиши табиатро (илмҳои табиӣ) ва ё ҷамоатро (фанҳои ҷамъиятӣ) медиҳад ва ояндабинии онро имконпазир месозад.

      Истилоҳи «дониш» ва «илм» дар корбурд ва гуфтугў дар байни одамон бисёристеъмол буда, ҳамчун синонимии якдигар шинохта мешаванд, аммо ин ду як чиз нестанд. Зеро, донишҳо метавонанд рўзмарра, оммӣ, идеологӣ, эътиқодӣ ва монанди инҳо бошанд, лек илмӣ набошанд.

      Вазъи имрўзаи олам ва минтақаи мо мураккаб буда, бояд сиёсатмадорон, файласуфон ва адибони мо илми замни муосирро барои хизмат намудан ва тараққи намудани ҷаҳони фикриву андешаи миллии ҷавонони мо равона созанд. Масъалаи муҳим дар ҳаёти инсоният ин таъмини амнияти ў мебошад. Агар амнияти шахс таъмин нагардида бошад, ў на ба илм сару кор мегирад ва на ба дигарҳо. Бояд дар маркази баҳси донишмандони мо масъалаи ҳифзи сулҳу субот ва амният ҳамеша дар мадди аввал истода бошад. Зеро агар ба хотири барпо кардани давлати навини тоҷикон дар солҳои 90-ум чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардани таъмини амнияту суббот дар ҷомеа на камтар аз он заҳмат кашида мешавад.

      Бояд тазаккур дод, ки масъалаи таъмини амнияти миллӣ, сирф соҳавӣ ва танҳо ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳар як давлат вобаста набуда, ин масъалаи мубрами ҳамон ҷомеа ва давлат мебошад. Таъмини амнияти миллӣ умдатарин масъулият дар назди ҳар як сокини давлат аз хурд то бузург буда, новобаста аз мавқеи сиёсӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ, динӣ ва монанди инҳо мебошад.

      Қайд кардан зарур аст, ки экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон — дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

      Имруз шахсоне, ба ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое даст мезананд, ки мақсаду мароми андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар усул ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ месозанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

      Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба савол ҷавоби мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст:

      Якум, афзудан ва густариши ҳисси итминон ба фардо (ҳисси нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем».

      Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро таѓйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.

      Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст — ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.

      Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ѓарб сиёсати–дурўя, меъёру стандартҳоро ба кор мебаранд.

      Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ѓайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ѓалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.

      Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанўз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ѓарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати шўравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири (тезиси) машҳури К.Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.

      Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кўҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рўи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.

      Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кўҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

      Донишманди маъруф Герберт Спенсер (Ҳерберт Испенсер) дар рисолаи хеш, ки ба мавзўи тарбия бахшидааст, чунин мегўяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиҷ дар асри мо руҳи динситезӣ вуҷуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумоти фаротар рафта ва дар ҷарфноӣ ва умуқи ҳақоиқ (ҳақиқат) нишастааст,

      Аз нигоҳи илмӣ бояд таъмини амниятро ҳамчун падидаи воқеӣ таҳлил, баррасӣ ва зарурӣ омўхта амниятро тарзе пешгўйӣ, таҳрезӣ ва амалӣ намуд, ки тибқи он падидаҳои номатлубе чун «ДОИШ, ҲНИТ,  Салафия, Ҳизбу-т-таҳрир» ба монанди инҳо ба амнияти миллиамон газанде расонида натавонанд.

      Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат равона карда шуда, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мегарданд, ин зуҳуроти тасодуфӣ, ноогоҳӣ ва бетартибона нестанд. Ин ҳама зуҳуротҳо дар асоси нақшаҳои муайян тарҳрези кардашуда, аз ҷониби хадамотҳои махсуси давлатҳои манфиатдор бо дасти халқиятҳои ҳамон давлатҳо ба хотири амалӣ намудани андешаҳои щаразноки хеш баҳри дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ кардани ҳамаи он нооромиҳо равона карда мешаванд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷомӣ, бесарусомон намудани як миллат чизи тасодуфӣ ё амалкарди нобаҳангомии ҳамон миллат набуда, ин илм аст. Бо воситаи илм ва омузиши равандҳои ҳама паҳлуҳои ҷаҳони муосир ин барномаҳо тарҳрезӣ карда мешаванд. Нуқтаи дигари қобили эътироф он аст, ки дар давлатҳои абарқудрат зиёда аз садҳо иниституту марказҳо мавҷуд мебошанд, ки кори онҳо танҳо омузиши равандҳои муосир дар ҷаҳон буда, баҳри омўзиши паҳлуҳои ҳаётии давлатҳои дигар равона карда шудаанд. Ин иниститутҳо ё марказҳо чизе ихтиироъ намекунанд, онҳо танҳо бо илм сару кор гирифта, равандҳои характери ҳар як миллатҳоро меомўзанд, ки ин ҳам илм аст. Онҳо бо омўхтани арзишҳои миллии ҳар як халқу миллатҳо дар вақтҳои дахлдор метавонанд, машинаҳои худро ба кор дароранд ва назорат кунанд, ки ин чизи собитшуда мебошад. Меъёрҳои асосии имтиҳоноти ҳақиқати илмӣ — таҷриба дар ҳаёти инсоният мебошад, ки мутаассифона имрўзҳо новобаста аз мавқеъ ва минтақаи давлатҳо ин чиз таҷриба карда шудааст.

      Бояд мо дар муқобили ин ҳама амалкардаи бадхоҳон, танҳо тавассути такя кардан ба илм, маърифат, усули шинохти аъмоли зидди миллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода ба муқоби ин ҳама амалкарди онҳо истодагарии мақсаднок намуда щолиб омада метавонем, ки баҳри ҳамаи ин илм барои мо зарур аст. Омўзиши ҳаматарафаи ҷабҳаҳои илм баҳри мо дар он зарур аст, ки то мо бо дониш муҷаҳҳаз бошем ва ҳангоми тахрибкории душманонамон тавонем моҳияти чунин щаразҳои тахрибкорон, равандҳо ва қонуниятҳои онҳоро шиносем, зеро агар щаразҳои аъмоли душманро нашиносӣ, наметавонӣ бо чунин зуҳуроти номатлуб мубориза бурд. Баҳри шинохти чунин зуҳурот боз барои мо илм зарур аст. Яъне, ин ҳама макру ҳияли душманонро танҳо метавон бо илм шинохт ва баҳри таъмини амнияти ҳар як давлат новобаста аз мавқеъ ва минтақа шинохти илмӣ зарур аст.

      Ҷараёни таъмини амнияти миллӣ навъи махсус набуда, он рангу услубҳои гуногуни хешро тақозо менамояд. Мо наметавонем танҳо бо гурўҳҳои ҷиноӣ мубориза бурд ва таъмини амнияти хешро дар мубориза бо ин гурўҳҳо донист. Моро зарур аст донишҳои илмӣ, назариявӣ ва таърихии хешро дар ин роҳ роҳандозӣ намуд, то тавони сифати таъмини амнияти миллии хешро дошта бошем. Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки ҷавҳари аслии таъмини амнияти миллӣ, ин ҳам боз омўзиши ҷанбаҳои фарогири ҳама намуди илмҳо мебошад.

      Илм бузургтарин маъво, асоситарин мафҳум ва маъхазест. ки ҳаёт бо он пайваста мебошад. Бе илм наметавон одам буд. Бе илм наметавон фарзанд тарбия кард ва дар қатори инсонҳои комил гаппугузор намуд. Шахсе, ки илм надорад, аз роҳи омузишу ақлу идрок бехабар аст, дарахти бесамареро мемонад, ки вуҷуд дорад. Шахси бофазл дар хамаи давру замонҳо соҳибиззат аст. Ўро ҳамагон ҳамчун ҳидоятгар, пурдону маърифатомуз иззату эҳтиром мекунанд. Албатта, ҳамаи ин нишонаҳои инсони комиланд, ки худ ба осонӣ ба кас муяссар намегарданд. Дар қатори мутолиа кардану омухтан, дониш андухтану ба дигарон тавсия кардани илму ҳунар инсони бофазлро мебояд, ки аз руи ҳамаи омухтаҳояш амал кунад, омухтаро дар ҳаёт мутобиқ кунанд, то натиҷаи заҳмати беандозааш самаре бубахшад.

      Инсони бофазл мекушад, ки ҳамеша намунаи ибрати дигарон бошад, дар гуфтор, рафтор ва кирдору фаъолият аз дигарон фарқият дошта бошад. Соҳибилмон азият намекашанд. зеро онҳоро ақлу хиради омухтаашон роҳбаладӣ мекунад, аз камию костӣ эмин медорад, аз бадиҳо дур мегардонад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад.

      Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонист. Чунки инсон ба воситаи илм ба мартабаҳои баланд мерасад. Пешрафту тараққиёти ҷамъият низ ба илм вобастагӣ дорад. Дар Куръони Шариф низ зикр шудааст, ки ҳеҷ гоҳ олимону ҷоҳилон баробар нестанд, балки дараҷаи олимон болотар аст. Дар ҳадисҳои бузурги Пайѓамбарамон низ ҳамаи умматон чи зану чи мард ба омухтани илм таргиб карда мешаванд. Чунончӣ: «Талаби илм бар ҳамаи марду зани мусулмон фарз аст» ё «Зи гаҳвора то гур дониш биҷуй».

      Бармеояд, ки дин низ омузиши илмро тақозо мекардааст. Омухтани илм омухтани асрори чахони пурроз аст. Омухтани илм, андухтани дониши мукаммал аст, ки бунёди дахрро омузгор. Омухтани илм тафовутдихандаи инсони комил аз дигар махлукоти олам аст, ки хамаи бадбахтихоро раъф карда, зиндагиро таровату нур ва хушиву сурур мебахшад.

      Илм ба инсон имконият медихад, ки сохибистеъдод гардад, хубу бади хаётро омузад, мулохизакор бошад, маърифати баландро сохиб бигардиду комилхукук бошад. Махз омузиши илму маърифат пойдевори бузурги хаёти каси сохибмаърифат шуда метавонад.

      Омухтани илму маърифат мунаввар кардани фардои хаёт аст. Омухтани илм дар дил андухтани чамоли одамист, ки болидаруиву фазлу камоли инсонро нишон медихад. Агар кас илму дониши омухтаашро дар хаёт амалй гардонад. у касест бузургдил, ки хаётро омухтаву мулохизакор. Сохибилм сохибдавлат аст, сохибиззату сохибкамол ва намунаи ибрати хамагон аст. Аммо шахсе. ки аз илму доншп бохабар несг ва низ намекушад, ки, сохибилм бошад, худ окибат аз кирдори ношоистаи худ пушаймон мегардад. лекин умр барои инсон хамагй як бор дода мешаваду шахсе ки онро пайи омухтани амали носавобе сарф мегардонад. хатой бузурге содир мекунад. Танхо ва танхо донишу илм бояд омухту амал намуд, то хает хубу бамавриду бо номи нек гузарад.

      «Илм омухтан дар хурди накшест руи санг, ки харгиз зудуда нагардад» гуфтаанд. Пас биёед дар талаби илм бикушем ва хамеша омузем, ки баракати илм дар омухтани он аст. Иззат ва шараф дар илм аст, ки аз фано ва завол берун аст ва ба тагйироти рузгор ва ивазшавии давлат напазирад.

      Пешравии ҳар як ҷомеа аз маърифатнокии аҳли он вобастагии калон дорад. Миллати тоҷик аз қадим ҳамчун халқи созанда, фарҳангофар, инсонпарвар ва илмдўст шинохта шудааст. Ин аст, ки бисёр олимони ҷаҳон инро эътироф кардаанд. Шахси маърифатнок касеро гўянд, ки ў ҳам дониш дорад ва ҳам ахлоқу одоб. Сабаби асосии рушди Аврупо дар он аст, ки илм дар асрҳои XVI-XVII ҳамчун ниҳоди ҷомеа барпо гардида буд. Дар он давра дар бораи илм сухан гуфтан одати ҳатмӣ шуда буд. Аврупоиён ҳангоми суҳбат бо ҳамдигар, албатта, дар бораи навигариҳо, кашфиёт ва ихтирооти илмӣ ҳарф мезаданд, ки ин маънои маърифатнок будани шахсро дошт, яъне худро ба ҳамдигар ба ин тавр муаррифӣ мекарданд. Дар он замон дар саросари Аврупо сохтани мактабҳои олӣ ва корхонаҳои саноатӣ ривоҷ ёфт. Аз ин рў, ҷараёни рушди Аврупо бениҳоят суръати баланд гирифт. Асосгузори назарияи илмии замони нав олими англис Френсис Бекон гуфтааст: «Дониш қувва аст».

      Ҷавонон ба илму маърифат  рўй оварда, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд, касбу ҳунар ёд гиранд, осори гаронбаҳои бузургонамонро ҳифз намуда, самаранок истифода баранд. Ва  гўш андохтану пайрави аз ин насиҳату андарзҳои хирадмандона барои беҳбудии ҳам худи ҷавонон ба ҳамаи ниҳодҳои ҷомеа низ муфид мебошад. Омода кардани мутахассисони соҳибкасб бе донистани забонҳои хориҷӣ номумкин аст. Навигариҳои илми муосир бештар тавассути забонҳои хориҷӣ фаҳмида мешаванд. Бинобар ин ба ҳар як толибилм донистану аз худ кардани забонҳои хориҷӣ зарур аст.

      Лозим ба ёдоварист, ки аз нуқтаи назари дини Ислом низ илм муқаддас ва ибодат аст, яъне аҷру савоби зиёд дорад. Пайгамбари Ислом Муҳаммад (с) фармудаанд, ки омўзиши илм ба марду зани мусалмон фарз аст. Дар як ҳадиси дигар фармудаанд: «Агар илм дар Чин бошад, пас онро аз худ кунед». Аз мазмуни ҳадис бармеояд, ки мурод аз омузиши илм фақат улуми дини яъне, ақидаву куръону тафсир, ҳадис ё фиқҳ нест, балки манзури Пайгамбар дигар илмҳои дақиқ буда,  дар ҳадиси дигаре овардаанд: «Аз гаҳвора то ба гўр дониш биҷўй». Инсони маърифатнок соҳиби обрўю эҳтиром буда, намунаи ибрати аҳли ҷомеа мебошад.

      Шахси доною ҳунарманд дар ҳар давру замон мартабааш ва мақомаш дар ҷомеа баланд аст. Падари ҳикмат Суқроти ҳаким фармудааст: «Хеҷ ганҷе беҳ аз ҳунар нест ва ҳеҷ душман бартар аз хўи бад нест ва ҳеҷ чизе бузургтар аз дониш нест ва ҳеҷ пирояе беҳтар аз шарм нест».

      Донишомўзӣ роҳи саҳлу осон нест, дар ин ҷода кўшиш ва ҷидду ҷаҳд бояд варзид. Зеро танҳо дар натиҷаи меҳнати маънавӣ илму маърифатро метавон рушд дод ва ба даст овард. Ҷавонони мо имрўз, хушбахтона, берун аз кишвар дар олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои намоёнро ишѓол менамоянд, ки чунин ҷавонон ифтихори миллату ватан ва барои дигарон намунаю ибратанд.

      Мутаассифона, баъзе ҷавонон ба беҳудагардӣ ва ба дигар корҳои зишт машѓул мешаванд. Бояд донишҷўёни мо бештар дар китобхонаҳо ва толорҳои варзишӣ вақти худро гузаронанд ва аз суҳбати ҳар хел ҷоҳилону беадабону нодонҳо дур шаванд.

      Илму маърифат ба ҳамаи афроди ҷомеа зарур аст. Дилхоҳ шахс бояд ба илму ҳунаромўзӣ раѓбати зиёд дошта бошад. Ҳарчанд илм зиёд омўзӣ, ҳамон қадар кам аст. Бинобар ин дар омўхтани илм толибилм бояд ҳарис бошад, то ки аз илм сер нагардад. Илм як баҳри беканор аст.

      Дар хулоса, гуфтаниям, Тоҷикистон – Ватани азизу маҳбуби мост. Ватанро азиз доштан, ба муқаддасоташ арҷ гузоштан ва дар навбати худ ободу шукуфо гардонидани он фарзи имонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бедордилу фарҳехта ва худогоҳу худшинос мебошад.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ масъалаи ватану ватандўстиро таҳлил ва баррасӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуданд:

      Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дўст дорем, ватандўсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рўзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рўз заҳмат кашем.

      Ватандорию ватансолориро ки ҷавонони мо бештар ба илму ҳунар, таваҷҷуҳ намоянд, то ки дар ин роҳ ба дастовардҳои нав ба нав ноил гарданд. Барои ин ҳамаи шароит муҳайё аст. Ба таърихи чандинҳазорсолаи худ нигариста, ҳар як ҷавони тоҷик барои комёб шудан ба қуллаҳои баланди илмӣ бояд аз худ боварии комил дошта бошад ва ба худ ҳамеша гўяд, ки мо аз уҳда ва масъулияти он мебароем.

                                                                                                                        Комилов Далер Рустамович — номзади илми фалсафа, дотсент

Абдиев Ҷамшед Хуршедович — ёрдамчии Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат