logo

Бойгонӣ ‘МАҚОЛА’:

ПАРЧАМ РАМЗИ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪӢ

       Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.        Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардид, ки ахиран ба тасвиб расид ва мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии


ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – НИШОН АЗ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДОРӢ

       Санаи 24-уми ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи Истиқлолият, Парчами миллӣ гашт. Хушбахтона ҳамасола чун анъана дар ин сана дар тамоми манотиқи кишвари маҳбубамон ҷашни Рўзи Парчами миллӣ қайд мегардад. Соли 2009 бошад, бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24- ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон карда шуд ва ин санаи бузург ҳар сол дар кишвари мо бо тамоми шукуҳу шаҳомат таҷлил меёбад.        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш, бахшида ба Рўзи Парчами давлатӣ чунин гуфтааст: «Парчами миллӣ


ИҶЛОСИЯИ ХVI САНАДИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

       Таърих гувоҳ аст, ки дар роҳи соҳиб шудан ба давлати мустақил ва соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати шарафманди тоҷик саъю талош намуда, ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.        Бо омӯзиши сайри таърихӣ 16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Иҷлосияи тақдирсоз барои халқу миллати тоҷик дар шаҳри бостонии Хуҷанд сари масоили имрӯзу фардои мамлакат, аз бӯҳрони шадиди сиёсию ҷамъиятӣ берун овардани аҳли ҷомеа ва наҷот ёфтани халқу давлат аз вартаи фано баргузор гардида буд. Дар ин иҷлосияи


ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ҲАДЯИ БУЗУРГИ ТАЪРИХ БА МИЛЛАТИ ТОҶИК

       Боиси сарфарозист, ки дар кишвари мо рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент ба феҳристи Рӯзҳои ид дохил гардид ва минбаъд сокинони Тоҷикистон онро ҳамчун нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн мегиранд.        Воқеан, таҷлил намудани Рӯзи Президент ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоию таърихӣ барои миллати мо як амри зарурӣ маҳсуб меёбад. Зеро, сарнавишти имрӯзаву ояндаи миллати мо ва низоми давлатдории навини тоҷикон бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи


ИҶЛОСИЯ СИПАРЕ БУД БАРОИ ҲИФЗИ ХОКИ МУҚАДДАСИ ВАТАН

       Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ сипаре буд, барои ҳифзи хоки муқаддаси ватан. Иҷлосия идомаи ҳодисаҳои бемаънии кишварро боздошт. Ҳамин иҷлосия буд, ки Ватан аз вайроншавӣ эмин монду тири душманони миллати тоҷик хок хурд.        Шукри Худованди бузург, ки ақли худододаи миллати мо боло гирифту Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд ва якдилию якдигарфаҳмӣ ба даст омад. Агар, ба ибораи дигар гӯем, Иҷлосия рӯйдоди таърихӣ ва фаромӯшнашаванда аст.        Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар лаҳзаҳои ҳассос чун пайки фиристодаи Худованд нумуъ кард, бо парафшонии парчами муқаддасаш дилҳоро тасхир кард, адовату душманиро аз